• Misyar Marriage

    is carried out via the normal contractual procedure, with the specificity that the husband and wife give up several rights by their own free will...

  • Taraveeh a Biad'ah

    Nawafil prayers are not allowed with Jama'at except salatul-istisqa' (the salat for praying to Allah to send rain)..

  • Umar attacks Fatima (s.)

    Umar ordered Qunfuz to bring a whip and strike Janabe Zahra (s.a.) with it.

  • The lineage of Umar

    And we summarize the lineage of Omar Bin Al Khattab as follows:

  • Before accepting Islam

    Umar who had not accepted Islam by that time would beat her mercilessly until he was tired. He would then say

Friday, August 2, 2013

Умар: “Эй кош...!”+ санад

Ба ривояти Бухорӣ Ибни Аббос гӯяд: "Ба ҳангоме ки Умар зарба хӯрда буд, наздаш даромадам ва ӯро дар ҳоли парешонию ваҳшатзадагӣ дидам, пас гуфтам: Боке бар ту набошад эъ Амири мӯъминон! Умар гуфт: Эй Ибни Аббос! агар ба андозаи зарфияти замин барои ман тилло буд ҳамаро аз тарси азоби илоҳӣ фидя мекардам, пеш аз онки онро бибинам" (1).

Низ дар ривояти дигаре ки дар ин замина аз Ибни Аббос ривоят шуда ва номбурда ба Умар башорати биҳишт додааст – Умар гуфт: Аммо башорати ту маро ба биҳишт, пас ба Худо қасам агар ончи байни осмонҳову замин аст аз ман буд, ҳамаашро ба хотири ончи дар пеш дорам фидя медодам қабл аз онки бидонам чи хабар аст” (2).

عن الضحاك قال قال عمر ليتني كنت كبش أهلي يسمنوني ما بدا لهم حتى إذا كنت أسمن ما أكون زارهم بعض من يحبون فجعلوا بعضي شواء وبعضي قديدا ثم أكلوني فأخرجوني عذرة ولم أك بشرا

Заҳҳок аз Умар нақл мекунад, ки мегуфт: Эй кош гусфанд мебудам, ва дар хонаводае маро ҳарчи мехостанд мепарвариданд то вақте фарбеҳ шавам, баъзе аз дӯстони онҳо ки ба диданашон меомаданд ниме аз гушти маро кабоб карда ва нисфи дигарро намак мепошиданд, сипас маро мехӯрданду ба сурати узра ва мадфуъ (гуҳ, рих) аз баданашон дур мекарданд, вале башар намебудам” (Ҳилятул авлиё ва табақотул асфиё, ҷ.1, саз.52, Абӯнаъим Аҳмад бин Абдуллоҳ ал- Исфаҳонӣ, дорул нашр, дорул кутубил арабӣ, Бейрут 1405, чопи чаҳорум).







Низ дар ривояте Умар ҳангоми зарба хӯрдан аз Абӯлуълуъ гуфт: Агар ончи байни осмону замин аст аз они ман буд, ҳамаро дар роҳи ончи аз азоби илоҳӣ дар пеш дорам фидя медодам, пеш аз онки бифаҳмам авзоъ аз чи қарор аст (3). Ва дар ривояти Муттақии Ҳиндӣ ба ҷои “ончи байни осмонҳову замин аст”, “ончи хуршед бар тобида” омада аст (4).

Пайнавишт:

1)   Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.2, саҳ.179, боби Маноқиби Умар.

2)   Канзул уммол ба нақл аз Абдурраззоқ Тайлесӣ Аҳмад Ҳанбал ва Ибни Саъд, ҷ.12, саҳ.676.

3)   Канзул уммол ба нақл аз Абдурраззоқ Тайлесӣ Аҳмад Ҳанбал ва Ибни Саъд, ҷ.12, саҳ.676.

4)  Канзул уммол ба нақл аз Ибни Муборак, Ибни Саъд, ал-Ғариби Абӯъубайд, китоби Азобул қабри Байҳақӣ. 

Categories:

0 comments:

Post a Comment

براہ مہربانی شائستہ زبان کا استعمال کریں۔ تقریبا ہر موضوع پر 'گمنام' لوگوں کے بہت سے تبصرے موجود ہیں. اس لئےتاریخ 20-3-2015 سے ہم گمنام کمینٹنگ کو بند کر رہے ہیں. اس تاریخ سے درست ای میل اکاؤنٹس کے ضریعے آپ تبصرہ کر سکتے ہیں.جن تبصروں میں لنکس ہونگے انہیں فوراً ہٹا دیا جائے گا. اس لئے آپنے تبصروں میں لنکس شامل نہ کریں.
Please use Polite Language.
As there are many comments from 'anonymous' people on every subject. So from 20-3-2015 we are disabling 'Anonymous Commenting' option. From this date only users with valid E-mail accounts can comment. All the comments with LINKs will be removed. So please don't add links to your comments.

Popular Posts (Last 30 Days)

 
  • Recent Posts

  • Mobile Version

  • Followers