• Misyar Marriage

    is carried out via the normal contractual procedure, with the specificity that the husband and wife give up several rights by their own free will...

  • Taraveeh a Biad'ah

    Nawafil prayers are not allowed with Jama'at except salatul-istisqa' (the salat for praying to Allah to send rain)..

  • Umar attacks Fatima (s.)

    Umar ordered Qunfuz to bring a whip and strike Janabe Zahra (s.a.) with it.

  • The lineage of Umar

    And we summarize the lineage of Omar Bin Al Khattab as follows:

  • Before accepting Islam

    Umar who had not accepted Islam by that time would beat her mercilessly until he was tired. He would then say

Friday, August 2, 2013

Ӯ аҷам аст, ирс намебарад

Дини Ислом дар мавриди ирс дорои маҷмӯаи комиле аз қавонин аст. Бар асоси ин қонунҳо мизони ирс бурдани ҳар як аз ақвоми шахси мутаваффо комилан рӯшан аст. Баъзе аз бастагони маййит ба далоили мушаххасе аз ирс маҳрум мешаванд монанди фарзанде ки аз Ислом хориҷ шавад ва ба истилоҳ кофир гардад. Вале дар ҳеҷ ҷои Қуръони Маҷид ва суннати Набавӣ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нақше барои қавмияту нажод дар ирс бурдани фард, лиҳоз нашуда аст.

Бо ин вуҷуд бар асоси нақли манобеи аҳли суннат, Умар ибни Хаттоб нигоҳи дигаре дошта аст. Имом Молик (раиси мазҳаби моликӣ) чунин ривоят мекунад: “Умар ибни Хаттоб аз инки афроди аҷам ирс бибаранд, манъ кард, магар фарзанди аҷаме ки дар сарзамини араб ба дунё биёяд”.

Бар асоси ин дастурул амали Умар, имом Молик чунин фатво медиҳад:


Агар зани ҳомилае аз сарзаминин душман биёяд ва дар кишвари араб вазъи ҳамл кунад, бачае ки дунё омада фарзанди ӯ буда ва агар он зан бимирад аз ӯ ирс мебарад. Агар он фарзанд бимирад, он зан ворисаш мебошад ва ба ҳамон миқдор ки дар қуръон зикр шудааст ирс хоҳад бурд” (Китобул муваттаъи имом Молик, ҷ.2, саҳ.52).

Таълимҳои дини осмонии Ислом бар нафйи қавмияту нажод ва баробарии тамоми инсонҳо аст. Ба унвони намуна дар Қуръони Маҷид мехонем:

•    Мӯъминон бародари якдигаранд (сураи Ҳуҷурот, ояи 10)

•   Эй мардум! Мо шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо тира тира ва қабила қабила қарор додем, то якдигарро бишиносед. Гиромитарини шумо назди Худованд, ботақвотарини шумост (сураи Ҳуҷурот, ояи 13).

Ҳамчунин бар асоси нақли манобеъи аҳли суннат, Пайғамбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармудаанд:

“Эй мардум! Огоҳ бошед ки Парвардигоратон яке аст, падаратон низ яке аст, огоҳ бошед, ки ҳеҷ бартарии барои араб нисбат ба аҷам нест ва барои аҷам нисбат ба араб низ бартарӣ нест, на сурхрӯй бар сиёҳпуст бартарӣ дорад ва на сиёҳпуст бар сурхрӯй фазилате, магар бо парҳезкорӣ (Гӯшае аз манобеи аҳли суннат: А): Найлул автори Шавконӣ, ҷ.5, саҳ.164, ношир: Дорул ҷалил, Бейрут.Б): Маҷмауз завоиди Ҳайсамӣ, ҷ.3, саҳ.266, ношир: Дорул кутубил илмия, Бейрут. В): Муснади Аҳмади Ҳанбал, ҷ.5, саҳ.411, ношир: Дорусодир, Бейрут. Г): Фатҳул бории Ибни Ҳаҷар, ҷ.6, саҳ.382, ношир: Дорулмаърифа, Бейрут).

Акнун суол ин аст, ки халифаи дуввум бо истинод ба кадом манбаъ чунин ҳукме содир карда аст? Ҳоким ки бояд дар ҷомеа рӯҳи баробариро бидамад, чаро бар табли тафриқа мекӯбад ва аз ин раҳгузар мӯҷиби падидор шудани табақаи фурӯдаст ва эҷоди уқда мегардад? Ислоҳи нигаришҳои ифротӣ ва ҳоким кардани рӯҳи эътидол бар ӯҳдаи кист? Эҳтиром гузоштан ба нажодҳои мухталиф ва мабно қарор додани меъёрҳои воқеӣ, ин гуна аст? “халифаи одил” ки фаровон дар мавриди Умар ба кор меравад, бояд чунин амалкарде дошта бошад? Вақте рафтори ҳукумат ба унвони муҳимтарин омили фарҳангсоз ингуна бошад, чӣ интизоре аз дигар табақот бояд дошт? Имом Молик ба унвони яке аз уламои бузурги аҳли суннат чаро бидуни истинод ба китоб ва суннат чунин фатвое медиҳад? Агар адёни дигар ба истиноди ин матлаб, дини Исломро ба вуҷуди табъизи нажодӣ мутаҳам кунанд чӣ посухе доред? Тарвиҷи таолими китоб ва суннат ингуна аст???!!!

Categories:

0 comments:

Post a Comment

براہ مہربانی شائستہ زبان کا استعمال کریں۔ تقریبا ہر موضوع پر 'گمنام' لوگوں کے بہت سے تبصرے موجود ہیں. اس لئےتاریخ 20-3-2015 سے ہم گمنام کمینٹنگ کو بند کر رہے ہیں. اس تاریخ سے درست ای میل اکاؤنٹس کے ضریعے آپ تبصرہ کر سکتے ہیں.جن تبصروں میں لنکس ہونگے انہیں فوراً ہٹا دیا جائے گا. اس لئے آپنے تبصروں میں لنکس شامل نہ کریں.
Please use Polite Language.
As there are many comments from 'anonymous' people on every subject. So from 20-3-2015 we are disabling 'Anonymous Commenting' option. From this date only users with valid E-mail accounts can comment. All the comments with LINKs will be removed. So please don't add links to your comments.

Popular Posts (Last 30 Days)

 
  • Recent Posts

  • Mobile Version

  • Followers