• Misyar Marriage

    is carried out via the normal contractual procedure, with the specificity that the husband and wife give up several rights by their own free will...

  • Taraveeh a Biad'ah

    Nawafil prayers are not allowed with Jama'at except salatul-istisqa' (the salat for praying to Allah to send rain)..

  • Umar attacks Fatima (s.)

    Umar ordered Qunfuz to bring a whip and strike Janabe Zahra (s.a.) with it.

  • The lineage of Umar

    And we summarize the lineage of Omar Bin Al Khattab as follows:

  • Before accepting Islam

    Umar who had not accepted Islam by that time would beat her mercilessly until he was tired. He would then say

Showing posts with label Tajik - Тоҷикӣ. Show all posts
Showing posts with label Tajik - Тоҷикӣ. Show all posts

Friday, August 2, 2013

Дуруд фиристодан дар намоз

Аҳли суннат мӯътақид ба фазилати шайхан (Абӯбакр ва Умар) бар Имом Алӣ(а) ҳастанд, бигӯянд дар вақти хондани намоз чӣ касе мукаллаф бар хондани дуруд бар дигаре буда аст? Оё Алӣ(а) дар намоз бар асҳоб дуруд мегуфта аст ё асҳоб ҳангоми дуруд фиристодан, муваззаф бар дуруд фиристодан бар Оли Набӣ; яъне ҳазрати Заҳро(с), Алӣ(а), Ҳасан(а) ва Ҳусайн(а) будаанд?

Беадабии Умар дар маҳзари Расули Худо(с)

Умар ва Абӯбакр бо ҳам равобити хубе надоштанд, ҳатто ба гувоҳии Қуръон якбор дар маҳзари Пайғамбари Худо(с) бо ҳам ҷанг шуда бо садои баланд бо якдигар бархӯрди беадабона карданд. Сипас ояи дуввуми сураи Ҳуҷурот

 يََّاءَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ لاَ تَرْفَعُوَّاْ اءَصْوَ تَكُمْ فَوْقَ صَوْتِ النَّبِىِّ وَلاَ تَجْهَرُواْ لَهُ بِالْقَوْلِ كَجَهْرِ بَعْضِكُمْ لِبَعْضٍ اءَن تَحْبَطَ اءَعْمَ لُكُمْ وَاءَنتُمْ لاَتَشْعُرُونَ

Эй касоне ки имон овардаед! Садоятонро болотар аз садои Пайғамбар набаред ва ҳамон гуна, ки баъзе аз шумо нисбат ба дигаре баланд гуфтугӯ мекунед, бо Пайғамбар ин гуна сухан магӯед! Мабодо (ба хотири инки садои баланд, ки бархоста аз беадабии шумост,) аъмоли шумо нодониста нобуд шавад”[1]... дар мазаммат ва тавбехи онҳо нозил шуд[2].

            Ва ҳамчунин дар даврони хилофати Абӯбакр, ӯ санади моликияти заминеро ба ду нафар дода онро имзо карда буд ва Умар дар он нома ва рӯи имзои Абӯбакр туф андохта, онро пора кард[3].

             Мавриди дигаре аз равобити ҳасанаи Абӯбакр ва Умар ин, ки халифаи дуввум мӯътақид буд ҳасад даҳ ҷузъ аст, ки нӯҳ ҷузъи он дар Абӯбакр ва як ҷузъи дигари он дар ҳамаи Қурайш аст ва Абӯбакр дар он ҷузъ низ шарик аст[4].  






[1] . Сураи Ҳуҷурот, ояи 2.



[2] . Муснади Аҳмад/ Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ. 3, саҳ. 190, китобут тафсирил ҳуҷурот.

كاد الخيّران أن يهلكا: ابوبكر و عمر. لمّا قدم على النبي وفد بني تميم أشار احدهما بالاقرع واشار الاخر بغيره. قال ابوبكر لعمر: إنما اردت خلافي، فقال عمر: ما اردت خلافك فارتفعت اصواتهما عند النبي فنزلت يا ايها الذين آمنو لا ترفعوا



[3] . Дуррул мансур, ҷ. 3, саҳ. 252.



[4] . Шарҳи Наҳҷул балоғаи Ибни Абилҳадид, ҷ.1, саҳ. 30,

Тафаккур дар Қуръон лозим нест

Рӯзе Умар ояи “Ва фокиҳатан ва аббо[1]-ро мехонд, калимаи “аб”-ро  нафаҳмид, ки маънояш чи мешавад. Баъд гуфт: лузуме надорад ёд бигирем ва дар китоби Худо лозим нест зиёд тафаккуру тааммуқ кунем! Аз Қуръон ҳарчи медонед амал кунед ва ҳарчизеро ки намедонед, ба Худо бисупоред онро!![2].

            Ҳамчунин ривоят шуда аст, ки шахсе ба халифа гуфт: ман шадидтарин ояро дар Қуръон медонам. Умар бо тозиёна бар сари ӯ кӯбиду гуфт: кори ту чӣ аст, ки дар Қуръон таҳқиқ мекунӣ”[3]. Манзур ин аст, ки дар қуръон тафаккуру тааммуқ накун.






[1] .Сураи Абас, ояи 31.



[2] .  Тафсири Ибни Ҷарир, ҷ. 30, саҳ. 38/ Мустадрак, ҷ.2, саҳ. 514/ тафсири Кашшоф, ҷ.3, саҳ. 253/ Алмувофиқоти Шотибӣ, ҷ. 1.



[3] . Дуррул мансур, ҷ. 2, саҳ. 227.

Ҳаққи ташреъи халифаи дуввум



Имрон ибни Савод мегӯяд: рӯзе намози субҳро  бо Умар хондам ва пас аз он аз қафои ӯ роҳ афтодам, пурсид: ҳоҷате дорӣ? Гуфтам: оре, насиҳат. Гуфт: марҳабо ба ту, бигӯ,

гуфтам: ту ҳаҷҷи умраро дар моҳҳои ҳаҷ ҳаром кардӣ, дар ҳоле ки Расули Худо(с) ҳалол мешуморид ва Абӯбакр низ чунин накард. Умар гуфт: ин ба хотири он буд, ки мардум гумон накунанд бо анҷоми умра ҳаҷҷи таматтӯъ аз онон соқит аст!

            Пурсидам: амри дигар он ки ту мутъаи занонро ҳаром кардӣ, дар ҳоле ки Расули Худо(с) ҳалол карда буд. Умар гуфт: Расули Худо(с) аз рӯи зарурат ҳалол кард ва пас аз ин ки зарурат аз байн рафт, ман онро мамнуъ кардам.

Пурсидам: амри дигар он ки ту раиятро озор медиҳӣ (яъне бо тундӣ ва хушунат бо онҳо бархӯрд мекунӣ) гуфт: ман  ҳамтои Муҳаммадам[1].






[1] . Муроҷиа кунед ба Таърихи Табарӣ, ҷ. 4, саҳ. 225/ шарҳи Наҳҷул балоғаи Ибни Абилҳадид, ҷ. 12, саҳ. 121.

Фирори халифаи дуввум аз ҷанги Ҳунайн

Дар рӯзи ҷанги Ҳунайн лашкари Ислом, ки дувоздаҳ ҳазор сарбоз дошт,  шикаст хӯрд. Дар байни касоне ки аз ҷанг гурехта буданд ва ба ҷанг пушт намуданд, ба гуфтаи Бухорӣ ва нақли Ибни Касир Умар ибни Хаттоб буд.

            Бухорӣ аз Абӯқутодаи Ансорӣ ривоят мекунад, ки дар ҷанги Ҳунайн, мусалмонон ва аз ҷумла Умар ибни Хаттоб, гурехтанд.

            Ман ба Умар гуфтам: чаро мегурезӣ? Умар гуфт: кори Худост[1].

            Шуҷоати Умар куҷо буд? Чаро наҷангид? Магар шаҳодат болотарин ормон ва ҳадафи як мусалмон нест? Он ҳам дар рикоби Пайғамбар(с)??






[1] . Саҳеҳ Бухорӣ, китобут тафсири боби қавлуҳу таоло: ва явма ҳунайнин из аъҷабаткум касратукум/ Далоилус сидқ, ҷ.3, саҳ. 362/ Сиратул мустафо лиҳишомин маъруф, саҳ. 618/ шарҳут таҷрид, саҳ. 486/ Нурул абсор, саҳ. 87.

Собиқаи Апайртайд дар садри Ислом

Молик ибни Анас дар Муваттаъ аз сиққае ривоят кардааст, ки аз Саид ибни Мусайяб шунида аст, ки мегуфт: Умар ибни Хатоб аз ирс бурдани ғайри араб ҷилавгирӣ мекард, магар ин ки онҳо дар байни араб таваллуд шуда бошанд!

Дар ҳоле ки ҳеҷ кадом аз ояҳои ирс, ки дар сураи Нисо баён шудаанд ва ривоятҳои саҳеҳ ҳеҷ фарқе байни араб ва аҷам дар ирс агузоштаанд[1].






[1] . Р.к. ба китобул фароиз, ҷ. 2, саҳ. 11 пеш аз алкалому фи мироси ман ҷаҳила амраҳу билқатл.

Иқтидо ба салафи солеҳ?

Имом Тирмизӣ менависад: “Истода пешоб мекардам, ки Пайғамбар маро дид, фармуд: эй Умар! Истода бавл (пешоб) макун...”[1].

Баъзе аз бузургони аҳли суннат низ ки ба тавҷеҳи кори Умар бархостаанд ва навиштаанд: “Истода бавл кардан барои ҳифзи дубур беҳтар аст[2]  ва ҳамон шахс мегӯяд: “Собит шудааст, ки иддае аз саҳобаҳои ҳазрати Пайғамбари акрам(с) аз ҷумла ҳазрати Умар ибни Хатоб истода бавл мекард[3].

Оё ин амали ҷаноби халифаи дуввум бо фармоиши набавӣ дар таоруз ва тазод нест, ки фармуд: “Истода бавл кардани мард, (рӯй бартофтан) аз шеваи (некон ва) ситам (бар худ) аст”[4].

Чӣ гуна мешавад байни амали халифаи дуввуми мусалмонон ва фармоиши ҳазрати Пайғамбар(с) ҷамъ кард ва билохира пайравони салафи солеҳ (ваҳобиҳо) дар ин кор аз Пайғамбари акрам(с) пайравӣ мекунанд ё аз салафи солеҳе, ки Пайғамбар дар борааш фармуд: “Иқтидо кунед ба ду нафари баъд аз ман (Абӯбакр ва Умар)”[5].






[1] . Сунани Тирмзӣ, ҷ. 1, саҳ. 18.

«عن عمر: رآني النبي و أنا أبول قائما،فقال:يا عمر! لا تبل قائما...»



[2] . البول قائما أحفظ للدبر



[3] . Фатҳул борӣ,ҷ. 1, саҳ. 262/ Иршодус сорӣ, ҷ. 1, саҳ. 277.



[4] .  Умдатул қорӣ, ҷ. 3, саҳ. 135.

«من الجفاء آن يبول الرجل قائما.»



[5] . Сунани Тирмизӣ, ҷ. 5, саҳ. 630.

«إقتدوا باللذين من بعدي»

Таҳдиди Умар

Аҳмад ибни Яҳёи Бағдодӣ, маъруф ба Билозарӣ дар китоби "Ал-ансобул ашроф", ҷ.1, саҳ.586 ва ҷ.2, саҳ.770 мегӯяд: "Абӯбакр, Алӣ ибни Абитолиб(а)-ро барои байат хост, вале ҳазрати Алӣ(а) қабул накарданд. Пас Умар омад ва ҳамроҳи ӯ шӯълаи оташ буд. Бар дари хонаи Фотимаи Заҳро(с)-ро мулоқот кард. Фотима(с) фармуданд: эй писраи Хаттоб! Омадаӣ ки хонаамро бо ман бисӯзонӣ? Умар гуфт: бале. Ва ин амр ҷиддитар аст аз ончи падарат барои он омад"[1].

Тавҳин ва ҷасорат ба соҳати муқаддаси Аҳли Байти Пайғамбар(с) то чӣ қадар бояд бошад??

Ва чи қадар ҷасорату густохӣ мехоҳад, ки дар муқобили духтари Набийи Худо(с) бестанд ва бар қасди оташ задани хонаи ӯ сиҳҳа гузоранд ва ҳатто Расули Худоро бо лақабҳояш ном набаранд ва бигӯянд: падарат!!!.








[1] . " المدائنی عن مسلمه بن محارب عن سلیمان التیمی و عن ابن عون : ان ابابکر ارسل الی علی علیه السلام یرید البیعه فلم یبایع .فجاء عمر و معه فتیله . فتلقته فاطمه ( سلام الله علیها ) علی الباب .فقالت فاطمه : باین الخطاب ! اتراک محرقا علی بابی ؟ فقال : نعم . و ذلک اقوی فیما جاء به ابوک . "




Итоати бечуну чарои Умар

Дар соли шашуми ҳиҷрӣ ҳазрати Расули Худо(с) барои анҷоми маносики ҳаҷ ба тарафи Макка ҳаракат карданд, вале бо мухолифати сарони Макка рӯ ба рӯ шуданд, ки дар ниҳоят ба қарордоди сулҳ байни мусалмонон ва куффори Макка мунҷар шуд. Дар ин байн, Умар дар мухолифати бо Расули Худо(с) маъракагардонӣ мекард.

            Ҳангоме ки Умар хост Абӯбакрро дар мухолифат бо Сулҳи Ҳудайбия ҳамдасти худ намояд, Абӯбакр гуфт: эй мард! ӯ Расули Худост ва удои худро маъсият намекунад, Худо носири ӯст. Пас ба авомир ва наҳйҳои ӯ мӯҳкам чанг бизан[1].  Дар инҷо ба хубӣ руҷҳони ақли Абӯбакр бар ақли Умар ошкор мегардад!.

            Акнун суоли мо аз шумо ин аст: оё касе ки ба гуфтаи худаш ҳеҷ рӯзе ба андозаи он рӯз дар набуввати Пайғамбари Худо(с) шак накарда буд ва барои мухолифат бо амри Пайғамбар(с), ки ҳамон амри Худост маъракагардонӣ мекард, шоистагии ҷонишинии ӯро дорад?






[1] . Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ. 2, саҳ. 81, китобуш шурут.

Эътирофи Умар



Овардаанд, ки дар даврони хилофати Умар, зане муроҷиа кард ва аз бурди байтул (эҳтимолан зеваролоти занона буда аст) хост, ки назди вай буд. Ҳамзамон яке аз духтарони Умар низ ворид шуд ва аз бурдҳои байтул мол хост. Умар ба дархости он зан ҷавоби мусбат дод, вале хостаи духтари хешро рад кард. Атрофиёни Умар тааҷҷуб ва эътироз карданд, ки духтари ту низ дар ин байтул мол дорои саҳм аст. Чаро ӯро маъюс кардӣ? Умар ба эътирози онҳо посух дод:

 “Он зан бар духтари ман тарҷеҳ ва имтиёз дорад; зеро падари ӯ дар ҷанги Уҳуд фирор накарду истиқомат варзид, вале падари духтари ман фирор карду пойдор монд[1].






[1] . Шарҳи Наҳҷул балоға, Ибни Абилҳадид, ҷ. 15, саҳ. 32.

«إنَّ أبا هذِهِ ثَبَتَ یَوْمَ اُُحُد وأبا هذِهِ فَرَّ یَومَ اُحُد وَلَمْ یَثْبُتْ

Илми ғайби ҷаноби Умар

Дар баъзе аз манобеи аҳли суннат омада аст, ки рӯзе ҷаноби Умар ибни Хаттоб шахсеро мебинад аз ӯ исми ӯ ва маҳали  зиндагии ӯро мепурсад. Мард худро аз аҳоли гӯшае аз Ҳарра муаррафӣ мекунад. Умар ибни Хаттоб мегӯяд: эй мард хонаводаатро дарёб, ки дар оташ мезӯсад. Замоне ки мард ба маҳали зиндагиаш бармегардад, мебинад хонаводааш дар оташ сӯхтааст[1].

            Агар илми ғайб бидъат ва тафаккури дурӯғи шиа ҳаст, ин ки гуфта мешавад Умар ибни Хаттоб илми ғайб дошта аст, ҳукмаш чист?






[1] . Китобул муваттаъ, имом Молик, ҷ.2, саҳ. 973/ т анвирул ҳаволик, Сиютӣ, саҳ. 700/ ал истизкор, Ибни Абдулбир, ҷ.5, саҳ. 124/ Канзул уммол, ҷ.12, саҳ. 651/ Аҳкомул қуръон, Ибни Арабӣ, ҷ. 3, саҳ. 53/ Тафсирул Қуртубӣ, ҷ. 9, саҳ. 194/ Таъриху мадинати дамишқ, ҷ.44, саҳ. 281/ Ал исоба, ҷ.1, саҳ. 638/ Ал лубоб фи таҳзибил ансоб, ҷ. 2, саҳ. 263/ Торихул мадина, ҷ. 2, саҳ. 755.

Умар аз забони худ

Дар Канзул уммол, ҷ.6, саҳ. 345 нақл шудааст, ки Умар ибни Хаттоб фармуд: эй кош гусфанде будам ва бахше аз бадани маро кабоб ва бахши дигарро реза-реза мекарданду мехӯрданд ва маро ҳамонанди наҷосат (мадфуъ) аз бадан берун меандохтанд, кош башар намебудам.

            Ва ҳамчунин боз дар ҳамин китоб, ҷ. 4, саҳ. 361 аз Абӯбакр нақл шуда аст, ки рӯзе Абӯбакр мурғеро бар шохаи дарахте диду гуфт: хушо ба ҳоли ту. Дӯст доштам, ки монанд ту бошам, хурмоҳои дарахтонро мехӯрию парвоз мекунӣ ва ҳисобу азобе барои корҳоят надорӣ. Ба худо қасам дӯст медоштам, ки дарахте мебудам дар канори роҳ ва шутуре барги маро мехӯрду маро монанди тапак аз шикам хориҷ мекард, вале башар намебудам.

            Бародарони аҳли суннат! мо қасди ҷасорат надорем, вале ин гуфтаҳои уламои худатон ҳаст  ва мо ҳам ҳеҷ суоле намепурсем....

Арзиш барои дастури Расули Худо(с)



Чун Умар аз Абӯбакр хост Усома (фармондеҳи мансуб аз ҷониби Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро аз фармондеҳии сипоҳи Шом барканор кунад, Абӯбакр ки нишаста буд аз ҷо парид ва риши Умарро гирифту гуфт: “Модарат ба азоят бинишинад ва доғи туро бибинад, эй писари Хатоб Расули Худо(с) ӯро ба кор гумошт ва ту дастур медиҳӣ, ки ӯро азл кунам?”[1].

Чӣ тавр халифаи дуввум ба худ чунин иҷозае медиҳад, ки ба ин сурат ба мухолифати Расули акрам(с) бипардозад? Магар ҷаноби Умари халифа аз Расули Худо(с) беҳтар мефаҳмад(наузу биллоҳ)?.






[1] . Табақотул кубро, Ибни Саъд, ҷ. 2, саҳ. 191.

Эътирози Умар ба дастури Русли Худо(с)

Пайғамбари акрам(с) ба Абӯҳурайра фармуд:”Бирав ва ҳар касеро дидӣ, ки ба ягонагии Худованд гувоҳӣ медиҳад ва аз таҳи дил ба Худо имон дорад, ба ӯ муждаи биҳишт бидеҳ”.

Пеш аз ҳама Умар бо ӯ рӯ ба рӯ шуду пурсид: мавзӯъ чист?

Абӯҳурайра гуфт: Пайғамбар(с) чунин маъмурияте ба ман дода аст.

Абӯҳурайра мегӯяд: Умар бо мушт чунон бар синаам куфт, ки бар замин афтидам! Сипас гуфт: эй Абӯҳурайра баргард. Ман назди Пайғамбар баргаштаму гиря кардам. Сипас Умар низ  назди ҳазраташ омад.

Ҳазрати Расул(с) фармуд: Абӯҳурайра! Чаро гиря мекунӣ?

Гуфтам: мавзӯеро фармудӣ ба Умар гуфтам, вале ӯ чунон ба синаам куфт, ки ба замин афтодам.

Пайғамбар(с) фармуд: Умар! Чаро чунин кардӣ?

Умар гуфт: Ё Расулаллоҳ! Оё ту ба Абӯҳурайра чунин дастуре додаӣ?

Пайғамари акрам(с) фармуд: бале.

Умар гуфт: на, ин корро накун! Чун ман метарсам, ки мардум бо эътимод ба он, даст аз амал бардоранд.

Пайғамбари акрам(с) фармуд: бигузор бардоранд!”[1].






[1] . Саҳеҳ Муслис, ҷ. 1./ Алғадир/ Сирату умар, Ибни Ҷавзӣ, саҳ. 38/ Шарҳи Ибни Абилҳадид, ҷ. 3, саҳ. 108 ва 116/ Фатҳул борӣ, ҷ. 1, саҳ. 184/ Алтароиф, Ибни Товус, ҷ. 2, саҳ. 437.

Поягузори қиёс дар фиқҳи аҳли суннат

Ҳофизони ҳадис ва таърихшиносони исломӣ номае дар бораи дастурул амали ҳукуматӣ ва қазоӣ аз Умар ба Абӯмусои Ашъарӣ нақл кардаанд, ки баёнгари пешқадамии Умар дар матраҳ намудани қиёс аст. Ва инки ӯ қиёсро ба унвони як қоидаи фиқҳӣ ва як қонуни исломӣ барои истинботи аҳкоми шаръӣ поягузорӣ кард. Ин нома ҳангоме навишта шуд, ки номбурда аз тарафи Умар волии ҳукумати Эроқ буд. Ин нома муштамил бар ин фароз аст:

“Ҳар ончи ба хотират хутур мекунад ва хабаре аз он дар китоб ва суннат нест, дар мавриди он фаҳматро ба кор андоз. Онгоҳ шабеҳҳо ва ҳамонандҳои онро шиносоӣ кун ва онҳоро бо якдигар қиёс намо. Яъне ҳукми ончиро ки мавриди насси китоб ва суннат аст бар ончи дар китобу суннат матраҳ нашуда аст, ҷорӣ кун...”[1] .






[1] . Албаён ват табйин, Ҳофиз, ҷ. 2, саҳ. 24/ Саҳеҳ Муслим, ҷ. 1, саҳ. 24-25/ Сунани Байҳақӣ, ҷ. 10, саҳ. 150/ Шарҳи Наҳҷулбалоға, Ибни Абилҳадид, ҷ. 12, саҳ. 90-91/ Иқдул фарид, Ибни Абдираббиҳ, ҷ. 1, саҳ. 86-88/ Таърихи Дамишқ, Ибни Асокир ба нақл аз Канзул уммол.

الفهم الفهم فيما تلجلج في صدرک مما ليس في کتاب الله و لا سنه. ثم اعرف الاشباه و الامثال و قس الامور عند ذلک.


Табъид ба хотири зебоӣ

Абдуллоҳ ибни Барид мегӯяд: дар яке аз шабҳо ки Умар шабгардӣ менамуд ба дари хонаи бастае расид, ки зане дар он барои занони дигар овоз мехонду мегуфт: оё дастрасӣ ба шаробе дорам, ки онро бинӯшам ё роҳе ҳаст, ки битавонам ба висоли Наср ибни Ҳаҷҷоҷ бирасам? Умар гуфт: то зиндаӣ, на! Фардои он рӯз Наср ибни Ҳаҷҷоро хост. Вақте Наср омад, дид як ҷавони хушсурат, малиҳ (форам) ва фавқулода зебост, Умар дастур дод мӯи сарашро битарошанд. Вақте сарашро кӯтоҳ карданд ва пешонияш ошкор гашт ва бар зебоияш афзуда шуд, гуфт: бирав бақияи саратро битарош, вақте сарашро тарошид зеботар шуд. Умар гуфт: Ибни Ҳаҷҷоҷ! Занони Мадинаро бо зебоии худ мафтун сохтаӣ. Дар шаҳре ки ман сукунат дорам ту набояд муҷовир бошӣ! Сипас ба Басра табъидаш намуд. Наср ибни Ҳаҷҷоҷ муддате дар Басра монд, онгоҳ номае ба Умар навишт, ки чанд шеър низ дар он буд. Наср дар ин шеърҳо ба Умар эътироз намудааст, ки гуноҳи ман чи будааст, ки бояд табъид шавам. Агар рӯзе зане дар ишқи ман бетоб шавад ва пинҳонӣ таманное аз ман дошта бошад - ки ҳар зане ин ҳолатро дорад гуноҳи ман чист? Гумони баде ба ман бурдӣ ва беҷиҳат маро аз ватанам овора кардӣ... ва дар охир тақозо карда буд, ки ӯро баргардонад. Вақте нома ва шеъри ӯ ба Умар расид, гуфт: то ман бар сари кор ҳастам набояд баргардад!! Ҳамин ки Умар ба қатл расид, Наср ибни Ҳаҷҷоҷ савор шуд ва ба Мадина назди хешту табору наздиконаш бозгашт[1]. 








[1] . Аттабоқутл кубро, Ибни Саъд, ҷ.3, саҳ.285.

Ҳавасронӣ ва Ғадир

Ҷаноби Заҳабӣ ки аз устувонаҳои илмии аҳли суннат аст аз Абӯҳомиди Ғаззолӣ дар китоби "Ассирул оламин" нақл мекунад: аз эшон суол карданд, ки оё ҳадиси "Ҳар ки ман мавлои ӯям ин Алӣ мавлои ӯст"[1] дар имомат ва ҳаққонияти Алӣ(а) сароҳат дорад ё на? Гуфт: бале. Гуфтанд: оё худи халифаи дуввум аввалин нафаре набуд, ки дар рӯзи ғадир гуфт: " Мубора бод, муборак бод эй Алӣ, мавлои ман ва мавлои ҳар мард ва зани мӯъмин гаштӣ"[2]. Гуфт: бале. Гуфтанд, ки ин дар ҳақиқат таслим ва ризояти аст ба дастури Пайғамбари акрам(с) нисбат ба хилофати Амирулмӯъмин Алӣ(а). Баъд аз ин қазия ҳаво ва ҳавас бар халифаи дуввум ғалаба кард. Ба хотири расидан ба риёсат... ин ҳавопарастӣ ва риёсатталабӣ, онҳоро бар мухолифат бо дастури Расули Худо(с) водор кард. Суханони Пайғамбари акрам(с)-ро пушти сар андохтанд ва ба чизи андаке (риёсати чандрӯзаи дунё) фурӯхтанд. Чи муомилаи баде карданд.

Оқои Заҳабӣ дар бораи ҷаноби Ғаззолӣ мегӯяд: "Ғаззолӣ дарёи илм аст"[3].

 





[1] . «من کنت مولاه فعالی مولاه»



[2] . «بخ بخ لک یا علی، اصبحت مولای و مولا کل مومن و مومنة»



[3] . إن الرجل من بحور العلم

Асиркушии Умар дар Ҳунайн

Вақте Худованди Мутаол банда ва фиристодааш Пайғамбари акрам(с)-ро дар рӯзи Ҳунайн ва ҷанги қабилаҳои Ҳавозан пирӯз гардонид ва фатҳи ошкоре насиби ӯ кард, мунодии Пайғамбари акрам(с) эълом намуд, ки асиронро накушед.

Уммар ибни Хаттоб аз канори яке аз асирон ба номи Ибни Акваъ ки асир буд гузашт. Ин мардро қабилаи Ҳузайл дар рӯзи фатҳи Макка фиристода буданд, то ба нафъи онон ҷосусӣ кунад ва ахбори Пайғамбар ва асҳобро ончи мешунаваду мебинад ба онон иттилоъ диҳад. Вақте Умар ӯро дид чунонки Шайх Муфид дар Иршод менависадгуфт: ин душмани Худо байни мо омада буд то ҷосусӣ кунад, инак ки асир шудааст ӯро бикушед. Як нафар аз ансор ҳам гардани ӯро зад.

Вақти ин хабар ба Пайғамбар(с) расид онҳоро мавриди маломат қарор доду фармуд: магар ман супориш накардам, ки асиронро накушед?!

Баъд аз қатли ин мард - ба гуфтаи Шайх Муфид дар Иршодафроди дигареро ҳам куштанд, монанди Ҷамил ибни Муаммар ибни Зуҳайр. Пайғамбари акрам(с) хашмгин шуд ва ба дунболи ансор фиристоду фармуд: чаро ӯро куштед бо инки намояндаи ман ба шумо иттилоъ дод, ки асиронро накушед?.

Онҳо ҳам узр оварданд, ки мо ба гуфтаи Умар ӯро куштем. Пайғамбар(с) рӯи худро аз Умар гардонид, то инки Умайр ибни Ваҳб аз вай шафоат кард ва Пайғамбар(с) ӯро бахшид[1].



[1] . Ал-иршод, саҳ.76.

Popular Posts (Last 30 Days)

 
  • Recent Posts

  • Mobile Version

  • Followers