Вақте Худованди Мутаол банда ва фиристодааш Пайғамбари акрам(с)-ро
дар рӯзи Ҳунайн ва ҷанги қабилаҳои Ҳавозан пирӯз гардонид ва фатҳи
ошкоре насиби ӯ кард, мунодии Пайғамбари акрам(с) эълом намуд, ки
асиронро накушед.
Уммар ибни Хаттоб аз канори яке аз асирон ба номи Ибни Акваъ – ки асир буд – гузашт. Ин мардро қабилаи Ҳузайл дар рӯзи фатҳи Макка
фиристода буданд, то ба нафъи онон ҷосусӣ кунад ва ахбори Пайғамбар ва
асҳобро ончи мешунаваду мебинад ба онон иттилоъ диҳад. Вақте Умар ӯро
дид – чунонки Шайх Муфид дар Иршод менависад – гуфт: ин душмани Худо байни мо омада буд
то ҷосусӣ кунад, инак ки асир шудааст ӯро бикушед. Як нафар аз ансор
ҳам гардани ӯро зад.
Вақти ин хабар ба Пайғамбар(с) расид онҳоро мавриди маломат қарор доду фармуд: магар ман супориш накардам, ки асиронро накушед?!
Баъд аз қатли ин мард - ба гуфтаи Шайх Муфид дар Иршод – афроди дигареро ҳам куштанд, монанди
Ҷамил ибни Муаммар ибни Зуҳайр. Пайғамбари акрам(с) хашмгин шуд ва ба
дунболи ансор фиристоду фармуд: чаро ӯро куштед бо инки намояндаи ман ба
шумо иттилоъ дод, ки асиронро накушед?.
Онҳо ҳам узр оварданд, ки мо ба гуфтаи Умар ӯро куштем.
Пайғамбар(с) рӯи худро аз Умар гардонид, то инки Умайр ибни Ваҳб аз вай
шафоат кард ва Пайғамбар(с) ӯро бахшид[1].
Categories:
Tajik - Тоҷикӣ
0 comments:
Post a Comment
براہ مہربانی شائستہ زبان کا استعمال کریں۔ تقریبا ہر موضوع پر 'گمنام' لوگوں کے بہت سے تبصرے موجود ہیں. اس لئےتاریخ 20-3-2015 سے ہم گمنام کمینٹنگ کو بند کر رہے ہیں. اس تاریخ سے درست ای میل اکاؤنٹس کے ضریعے آپ تبصرہ کر سکتے ہیں.جن تبصروں میں لنکس ہونگے انہیں فوراً ہٹا دیا جائے گا. اس لئے آپنے تبصروں میں لنکس شامل نہ کریں.
Please use Polite Language.
As there are many comments from 'anonymous' people on every subject. So from 20-3-2015 we are disabling 'Anonymous Commenting' option. From this date only users with valid E-mail accounts can comment. All the comments with LINKs will be removed. So please don't add links to your comments.