• Misyar Marriage

    is carried out via the normal contractual procedure, with the specificity that the husband and wife give up several rights by their own free will...

  • Taraveeh a Biad'ah

    Nawafil prayers are not allowed with Jama'at except salatul-istisqa' (the salat for praying to Allah to send rain)..

  • Umar attacks Fatima (s.)

    Umar ordered Qunfuz to bring a whip and strike Janabe Zahra (s.a.) with it.

  • The lineage of Umar

    And we summarize the lineage of Omar Bin Al Khattab as follows:

  • Before accepting Islam

    Umar who had not accepted Islam by that time would beat her mercilessly until he was tired. He would then say

Friday, August 2, 2013

Марги Умар+ санад



Абӯлуълуъ (қотили Умар) муддате қабл аз куштани Умар зимни номае ба Умар ба таври пинҳонӣ ва бидуни онки Умар ғарази ӯро бифаҳмад ҳукм ва сазои касеро ки нисбат ба мавло ва оқои худ ҷасорат, ва ҳамсари Ӯро мавриди ҳатку озору азият, ва фарзанди Ӯро ба қатл бирасонад суол намуд ва иқдоми ояндаи худро мустанад ба ҳуқкми худи ӯ сохт.

Ба матни зер таваҷҷӯҳ намоед:

Абӯлуълуъ ба Умар нома навишт, ки ҷазои касе ки мавлояшро исён намояд ва милки мавлояшро ғасб намояд ва ҳамсари мавлояшро мавриди азият ва зарбу шатм қарор диҳад чист?

Умар низ дар посух мактуб дошт:

Ба дурустӣ ки қатли чунин касе воҷиб аст.

Фализо ҳангоме ки Абӯлуълуъ худро ба Умар расонид то ӯро ба ҳалокат бирасонад ба навиштаи ӯ хитоб ба ӯ карду фармуд: Чаро исёни мавлоят Амирул мӯъминин (алайҳи салом)-ро намудӣ? Чаро ҳамсари Ӯ Фотимаро мавриди зулми хеш қарор додӣ ва фарзандашро сиқт намудӣ? Онгоҳ дар ҳоле ки ӯро лаън менамуд зарбаҳои пай дар пай бар ӯ ворид мекард” (Тариқул иршод, саҳ.456).

Абӯлуълуъ ҳунар ва ҳифаи оҳангарии худро ба хидмат гирифт ва ханҷари дусаре ки қабзаи он дар васат қарор дошт таҳия намуд. То ин ки бино бар қавли саҳеҳ ва машҳур дар назди шиа дар саҳаргоҳи рӯзи душанбе 9 Рибул аввали соли 23 ҳиҷрӣ дар ҳоле ки Умар ибни Хаттоб тозиёна ба даст дар ҳоли амр кардани намозгузорон буд, ки суфуфи худро муназзам намоянд (Табақотул кубро, ҷ.3, саҳ.341;. Фатҳул борӣ, ҷ.7, саҳ.49;. Канзул уммол, ҷ.12, саҳ.679). (استووا استووا صفوفکم) худро ба вай расонда (1)  ва бо се зарбакорӣ шиками халифаро то хосира (се банда) ӯ шикофт ва дар ҳоле ки иддае аз наздикон ва атрофиёни Умар ибни Хаттоб қасди дастгирӣ ва ҳамла ба ӯро доштанд бо захмӣ кардани 13 нафари дигар аз онон аз маҳалли ҳодиса гурехт (Биҳорул анвор, ҷ.29, саҳ.530). Ва Умар баъд аз онки се рӯз дар бистар афтода буд дар синни 55 солагӣ аз дунё рафт.




Пайнавишт:

1) Дар инҷо лозим аст ин нуктаро мутазаккир шавем, ки: агарчи аҳли тасаннун саъй намудаанд ин матлбаро дар китобҳои худ собит кунанд, ки Умар ба ҳангоми мазруб гаштан дар масҷид будааст ва иқдоми Абӯлуълуъро ба хотири қатли Умар дар масҷид мавриди тахтиа қарор диҳанд. Аммо бар фарзи ин ки ин қавл саҳеҳ бошад, нуктае ки дар радди қавли онҳо ки мегӯянд Абӯлуълуъ кофир ва ё маҷусӣ ва ё насронӣ будааст аз ҳамин матлаб метавон собит кард, ки ба нақли Аллома Маҷлисӣ агар Абӯлуълуъ кофир будааст дар ҳолеки аз замони ҳаёти Пайғамбари Акрам вуруди куффор ба шаҳри Мадина мамнуъ шуда буд. Абӯлуълуъ чигуна дар шаҳри Мадина зиндагӣ мекард. Ва асосан агар Абӯлуълуъ кофир буда, дар масҷид ва он ҳам дар саффи аввали намози ҷамоат чӣ кор мекард??? Ки матлаби фавқ мабнӣ бар ҳузури Абӯлуълуъ дар масҷид он ҳам дар саффи аввали намози ҷамоат ва пушти сари халифаро метавон дар китобҳои мӯътабар дар назди худи онон ёфт аз қабили: Муснади Абияълӣ, ҷ.5, саҳ.116;. Саҳеҳ Ибни Ҳибон, ҷ.1, саҳ.332;. Торихи Дамишқ, ҷ.44, саҳ.410;. Усдул ғоба, ҷ.4, саҳ.76;. Маворидул замъон, саҳ.537;. Торихул мадина, ҷ.3, саҳ.896;. Табақотул кубро, ҷ.3, саҳ.341;. Найлул автор, ҷ.6, саҳ.160.

Categories:

0 comments:

Post a Comment

براہ مہربانی شائستہ زبان کا استعمال کریں۔ تقریبا ہر موضوع پر 'گمنام' لوگوں کے بہت سے تبصرے موجود ہیں. اس لئےتاریخ 20-3-2015 سے ہم گمنام کمینٹنگ کو بند کر رہے ہیں. اس تاریخ سے درست ای میل اکاؤنٹس کے ضریعے آپ تبصرہ کر سکتے ہیں.جن تبصروں میں لنکس ہونگے انہیں فوراً ہٹا دیا جائے گا. اس لئے آپنے تبصروں میں لنکس شامل نہ کریں.
Please use Polite Language.
As there are many comments from 'anonymous' people on every subject. So from 20-3-2015 we are disabling 'Anonymous Commenting' option. From this date only users with valid E-mail accounts can comment. All the comments with LINKs will be removed. So please don't add links to your comments.

Popular Posts (Last 30 Days)

 
  • Recent Posts

  • Mobile Version

  • Followers