Пайғамбари акрам(с) ба Абӯҳурайра фармуд:”Бирав ва ҳар касеро дидӣ, ки ба ягонагии Худованд гувоҳӣ медиҳад ва аз таҳи дил ба Худо имон дорад, ба ӯ муждаи биҳишт бидеҳ”.
Пеш аз ҳама Умар бо ӯ рӯ ба рӯ шуду пурсид: мавзӯъ чист?
Абӯҳурайра гуфт: Пайғамбар(с) чунин маъмурияте ба ман дода аст.
Абӯҳурайра
мегӯяд: Умар бо мушт чунон бар синаам куфт, ки бар замин афтидам! Сипас
гуфт: эй Абӯҳурайра баргард. Ман назди Пайғамбар баргаштаму гиря
кардам. Сипас Умар низ назди ҳазраташ омад.
Ҳазрати Расул(с) фармуд: Абӯҳурайра! Чаро гиря мекунӣ?
Гуфтам: мавзӯеро фармудӣ ба Умар гуфтам, вале ӯ чунон ба синаам куфт, ки ба замин афтодам.
Пайғамбар(с) фармуд: Умар! Чаро чунин кардӣ?
Умар гуфт: Ё Расулаллоҳ! Оё ту ба Абӯҳурайра чунин дастуре додаӣ?
Пайғамари акрам(с) фармуд: бале.
Умар гуфт: на, ин корро накун! Чун ман метарсам, ки мардум бо эътимод ба он, даст аз амал бардоранд.
Пайғамбари акрам(с) фармуд: бигузор бардоранд!”[1].
[1] . Саҳеҳ
Муслис, ҷ. 1./ Алғадир/ Сирату умар, Ибни Ҷавзӣ, саҳ. 38/ Шарҳи Ибни
Абилҳадид, ҷ. 3, саҳ. 108 ва 116/ Фатҳул борӣ, ҷ. 1, саҳ. 184/ Алтароиф,
Ибни Товус, ҷ. 2, саҳ. 437.
Categories:
Tajik - Тоҷикӣ
0 comments:
Post a Comment
براہ مہربانی شائستہ زبان کا استعمال کریں۔ تقریبا ہر موضوع پر 'گمنام' لوگوں کے بہت سے تبصرے موجود ہیں. اس لئےتاریخ 20-3-2015 سے ہم گمنام کمینٹنگ کو بند کر رہے ہیں. اس تاریخ سے درست ای میل اکاؤنٹس کے ضریعے آپ تبصرہ کر سکتے ہیں.جن تبصروں میں لنکس ہونگے انہیں فوراً ہٹا دیا جائے گا. اس لئے آپنے تبصروں میں لنکس شامل نہ کریں.
Please use Polite Language.
As there are many comments from 'anonymous' people on every subject. So from 20-3-2015 we are disabling 'Anonymous Commenting' option. From this date only users with valid E-mail accounts can comment. All the comments with LINKs will be removed. So please don't add links to your comments.