Низ дар ривояти дигаре ки дар ин замина аз Ибни Аббос ривоят шуда ва номбурда ба Умар башорати биҳишт додааст – Умар гуфт: Аммо башорати ту маро ба биҳишт, пас ба Худо қасам агар ончи байни осмонҳову замин аст аз ман буд, ҳамаашро ба хотири ончи дар пеш дорам фидя медодам қабл аз онки бидонам чи хабар аст” (2).
Заҳҳок аз Умар нақл мекунад, ки мегуфт: Эй кош гусфанд мебудам, ва дар хонаводае маро ҳарчи мехостанд мепарвариданд то вақте фарбеҳ шавам, баъзе аз дӯстони онҳо ки ба диданашон меомаданд ниме аз гушти маро кабоб карда ва нисфи дигарро намак мепошиданд, сипас маро мехӯрданду ба сурати узра ва мадфуъ (гуҳ, рих) аз баданашон дур мекарданд, вале башар намебудам” (Ҳилятул авлиё ва табақотул асфиё, ҷ.1, саз.52, Абӯнаъим Аҳмад бин Абдуллоҳ ал- Исфаҳонӣ, дорул нашр, дорул кутубил арабӣ, Бейрут 1405, чопи чаҳорум).
Низ дар ривояте Умар ҳангоми зарба хӯрдан аз Абӯлуълуъ гуфт: Агар ончи байни осмону замин аст аз они ман буд, ҳамаро дар роҳи ончи аз азоби илоҳӣ дар пеш дорам фидя медодам, пеш аз онки бифаҳмам авзоъ аз чи қарор аст (3). Ва дар ривояти Муттақии Ҳиндӣ ба ҷои “ончи байни осмонҳову замин аст”, “ончи хуршед бар тобида” омада аст (4).
Пайнавишт:
1) Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.2, саҳ.179, боби Маноқиби Умар.
2) Канзул уммол ба нақл аз Абдурраззоқ Тайлесӣ Аҳмад Ҳанбал ва Ибни Саъд, ҷ.12, саҳ.676.
3) Канзул уммол ба нақл аз Абдурраззоқ Тайлесӣ Аҳмад Ҳанбал ва Ибни Саъд, ҷ.12, саҳ.676.
4) Канзул уммол ба нақл аз Ибни Муборак, Ибни Саъд, ал-Ғариби Абӯъубайд, китоби Азобул қабри Байҳақӣ.
0 comments:
Post a Comment
براہ مہربانی شائستہ زبان کا استعمال کریں۔ تقریبا ہر موضوع پر 'گمنام' لوگوں کے بہت سے تبصرے موجود ہیں. اس لئےتاریخ 20-3-2015 سے ہم گمنام کمینٹنگ کو بند کر رہے ہیں. اس تاریخ سے درست ای میل اکاؤنٹس کے ضریعے آپ تبصرہ کر سکتے ہیں.جن تبصروں میں لنکس ہونگے انہیں فوراً ہٹا دیا جائے گا. اس لئے آپنے تبصروں میں لنکس شامل نہ کریں.
Please use Polite Language.
As there are many comments from 'anonymous' people on every subject. So from 20-3-2015 we are disabling 'Anonymous Commenting' option. From this date only users with valid E-mail accounts can comment. All the comments with LINKs will be removed. So please don't add links to your comments.