• Misyar Marriage

    is carried out via the normal contractual procedure, with the specificity that the husband and wife give up several rights by their own free will...

  • Taraveeh a Biad'ah

    Nawafil prayers are not allowed with Jama'at except salatul-istisqa' (the salat for praying to Allah to send rain)..

  • Umar attacks Fatima (s.)

    Umar ordered Qunfuz to bring a whip and strike Janabe Zahra (s.a.) with it.

  • The lineage of Umar

    And we summarize the lineage of Omar Bin Al Khattab as follows:

  • Before accepting Islam

    Umar who had not accepted Islam by that time would beat her mercilessly until he was tired. He would then say

Friday, August 2, 2013

Мақоми Иброҳим аз ифтихороти Умар

Ҷобаҷо намудани Мақоми Иброҳим тавассути Умар

Мақоми Иброҳим санге аст, ки ҳоҷиён баъд аз тавоф, тибқи ояи шарифаи:

وَاتَّخِذُوا مِنْ مَقامِ اِبْراهيمَ مُصَلّىً

“Мақоми Иброҳимро маҳалли намоз қарор диҳед”, дар онҷо намоз мегузоранд, ҳазрати Иброҳим ва Исмоил (алайҳимас салом) вақте сохтмони хонаи Худоро бино карданд ва боло оварданд, рӯи он санг по гузоштанд то сангу гилро боло баранд.

Ин санг ба Каъба часпида буд, вале арабҳо баъд аз ҳазрати Иброҳим ва Исмоил онро дар ҷои кунуниаш қарор доданд. Вақте Набийи Мукаррам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мабъус гардид ва Макка фатҳ шуд, онро ба ҳамонгуна ки дар замони падаронаш ҳазрати Иброҳим ва Исмоил буд ба Каъба часпонд, аммо ҳангоме ки Умар рӯи кор омад онро дар ҷои кунунӣ (ки араби ҷоҳилӣ қарор дода буданд) ниҳод. Ҳоло онки дар замони Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва Абӯбакр ба Каъба муттасил буд (Табақоти Ибни Саъд, ҷ.3, саҳ.204;. Торихул хулафои Суютӣ, саҳ.53;. Шарҳи Наҳҷул балоғаи Ибни Абилҳадид, ҷ.3, саҳ.113;. Ҳаётул ҳаявон, Дамирӣ;. Торихи Умар навиштаи Абӯлфараҷ ибни Ҷавзӣ, саҳ. 60 ва ҳамчунин дар робита бо ҷобаҷоии Мақоми Иброҳим: Табақоти Ибни Саъд, ҷ.3, саҳ. 284;, Торихул хулафо, саҳ.137;, Равзатул кофӣ, саҳ.58;. Ҷомеъу аҳодисил шиа, ҷ.10, саҳ.55, боби 9, ҳадиси 7, 8, 9 ва 10;. Муқаддимату миръотул уқул, ҷ.2, саҳ.128).

Дар соли ҳафдаҳуми ҳиҷрӣ чунонки дар китоби Комили Ибни Асир ва дигар торихнависон дар ҳаводиси ин сол омадааст: Умар  бо замима кардани хонаҳои иддае аз мардум, ки дар атрофи Масҷидул ҳаром буданд Масҷидул ҳаромро тавсеъа дод. Иддае аз фурӯши хонаҳои худ имтиноъ варзиданд, вале Умар онҳоро вайрон кард ва пули онро дар байтул мол ниҳод, то баъдан омаданду гирифтанд (Алкомилу фил торих, Ибни Асир, ҷ.2, саҳ.376;. Торихул хулафо, саҳ.137;. Равзатул кофӣ, саҳ.58;. Муқаддимату миръотул уқул, ҷ.2, саҳ.128;. Торихул Табарӣ фи ҳаводиси санатин 17;. Алғадир, ҷ.6, саҳ.266).

Categories:

0 comments:

Post a Comment

براہ مہربانی شائستہ زبان کا استعمال کریں۔ تقریبا ہر موضوع پر 'گمنام' لوگوں کے بہت سے تبصرے موجود ہیں. اس لئےتاریخ 20-3-2015 سے ہم گمنام کمینٹنگ کو بند کر رہے ہیں. اس تاریخ سے درست ای میل اکاؤنٹس کے ضریعے آپ تبصرہ کر سکتے ہیں.جن تبصروں میں لنکس ہونگے انہیں فوراً ہٹا دیا جائے گا. اس لئے آپنے تبصروں میں لنکس شامل نہ کریں.
Please use Polite Language.
As there are many comments from 'anonymous' people on every subject. So from 20-3-2015 we are disabling 'Anonymous Commenting' option. From this date only users with valid E-mail accounts can comment. All the comments with LINKs will be removed. So please don't add links to your comments.

Popular Posts (Last 30 Days)

 
  • Recent Posts

  • Mobile Version

  • Followers