• Misyar Marriage

    is carried out via the normal contractual procedure, with the specificity that the husband and wife give up several rights by their own free will...

  • Taraveeh a Biad'ah

    Nawafil prayers are not allowed with Jama'at except salatul-istisqa' (the salat for praying to Allah to send rain)..

  • Umar attacks Fatima (s.)

    Umar ordered Qunfuz to bring a whip and strike Janabe Zahra (s.a.) with it.

  • The lineage of Umar

    And we summarize the lineage of Omar Bin Al Khattab as follows:

  • Before accepting Islam

    Umar who had not accepted Islam by that time would beat her mercilessly until he was tired. He would then say

Friday, August 2, 2013

Таровеҳ, бидъати Умар

Оё дуруст аст, ки намози таровеҳ аз бидъатҳои ҳазрати Умар ибнил Хаттоб аст ва дар замони Пайғамбари Акрам намози таровеҳ байни мусалмонон набудааст, чунончи уламои аҳли суннат ба он ишора кардаанд (Асқалонӣ, Айнӣ, Сарахсӣ).

Далоили бидъат будани таровеҳ:

1.    Оғози таровеҳ аз замони Умар:

ابن الهمام: ظاهر المنقول أن مبدأها من زمن عمر

“Аз зоҳири сухан фаҳмида мешавад, ки ибтидои таровеҳ аз замони Умар аст” (Фатҳул қадир, ҷ.1, саҳ.74).

2.    Пайғамбар реҳлат кард дар ҳолеки мардум таровеҳро бо ҷамоат намехонданд:

فتوفى رسول الله ـ صلى الله عليه و سلّم ـ والناس على ذلك ـ اي على ترك الجماعة فى التراويح.. والمحفوظ أن عمر هو الذي جمع الناس على أبي بن كعب

“Пайғамбари Акрам реҳлат кард дар ҳоле ки мардум таровеҳро ҷамоат намехонданд. Ва ончи ки сабт шуда ин аст, ки Умар ибни Хаттоб мардумро ба таровеҳ ва ба имомати Убай ибни Каъб ҷамъ кард” (Фатҳул бории Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ҷ.4, саҳ.296).

3.    Дастур бар тарки ҷамоати таровеҳ аст:

الأمر على ذلك ـ يعنى على ترك الجماعة في التراويح. وقوله اني ارى هذا، من اجتهاد عمر و استنباطه

“Пайғамбари Акрам аз дунё рафт дар ҳоле ки таровеҳро ба ҷамоат намехонд” (Умдатул қории Айнӣ, ҷ.11, саҳ.125).

4.    Ин бадъати хубе аст:

نعم البدعة هذه

Бухорӣ аз Абдурраҳмон бин Абдулқорӣ нақл кардааст, ки гуфт: Шабе аз шабҳои Рамазон бо Умар ибни Хаттоб ба масҷид рафтем, мардум мутафарриқ буданд ва ҳар касе ба рости худаш намоз мехонд ва баъзан бо ҷамъе ба намоз машғул буд, Умар чун инро дид гуфт: Ба ақидаи ман агар инҳоро бо як имом гирд оварем беҳтар аст ва дар пайи ин тасмим Убай ибни Каъбро ба имомати ҷамоат гумошт. Шаби дигар ба якҷоя ба масҷид рафтем ва мардум бо ҷамоат намоз мехонданд, Умар гуфт: “Ин бидъати хубе аст” (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.1, саҳ.342).

Магар Пайғамбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бидъатгузорро гумроҳ ва аз аҳли дӯзах нахонда аст?

كل بدعة ضلالة وكل ضلالة في النار

“Ҳар бидъате гумроҳӣ ва ҳар гумроҳе аҳли оташ аст” (Субулул салом,ҷ.2, саҳ.1;. Муснади Аҳмад, ҷ.3, саҳ.31).

Ҳол, ки таровеҳ дар замони Пайғамбари Акрам ва халифаи аввал набуда ва худи Умар онро бидъат медонад, мо чӣ исроре бар анҷоми бидъат ва гумроҳӣ ва харидани дӯзах дорем?

Categories:

0 comments:

Post a Comment

براہ مہربانی شائستہ زبان کا استعمال کریں۔ تقریبا ہر موضوع پر 'گمنام' لوگوں کے بہت سے تبصرے موجود ہیں. اس لئےتاریخ 20-3-2015 سے ہم گمنام کمینٹنگ کو بند کر رہے ہیں. اس تاریخ سے درست ای میل اکاؤنٹس کے ضریعے آپ تبصرہ کر سکتے ہیں.جن تبصروں میں لنکس ہونگے انہیں فوراً ہٹا دیا جائے گا. اس لئے آپنے تبصروں میں لنکس شامل نہ کریں.
Please use Polite Language.
As there are many comments from 'anonymous' people on every subject. So from 20-3-2015 we are disabling 'Anonymous Commenting' option. From this date only users with valid E-mail accounts can comment. All the comments with LINKs will be removed. So please don't add links to your comments.

Popular Posts (Last 30 Days)

 
  • Recent Posts

  • Mobile Version

  • Followers